МУЛОҚОТ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боиси ифтихор аст, ки фаъолияти PAIVAND бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

17 сентябри соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Австрия мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда ва ташаббусҳои нави муштарак баррасӣ гардиданд.
Ҷамъияти фарҳангӣ ва маърифатии тоҷикон дар Австрия «PAIVAND» дар мулоқот иштирок намуда, пешниҳодҳои худро барои рушди ҳамкориҳо манзур намуд.
Боиси ифтихор аст, ки фаъолияти PAIVAND бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ба Вазири муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода ва Вазорат барои эътимод ва қадрдонии фаъолияти мо самимона сипосгузорем.

Gallery

Together, we continue to build bridges between Tajikistan and Austria through culture, education, and meaningful cooperation.

Share This Article

Related Articles

Scroll to Top